Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Узбекистон, Мирзиёев бо даъвати ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ба Пекин меравад.
Дар баробари раисҷумҳури Узбекистон ҳамчунин раҳбарони Русия, Қазоқистон, Сингапур, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Миср, Лаҳистон, Аргентина, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Камбоҷа низ ба он чорабинӣ даъват шудаанд.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20-уми феврали имсол баргузор мешавад. Варзишгарон барои 109 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) мубориза мебаранд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намекунанд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.