Антони Гуттериш, дабири кулли СММ дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ, ки нусхаи он ба хабаргузории "Рейтерз" расидааст, дар бораи зиндагии 39 миллион нафар мардуми Афғонистон маълумот пешниҳод кардааст. Тибқи ин гузориш, аз тобистони соли гузашта, ки Толибон дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтанд, шароити зиндагии мардум дар ин кишвар душвортар шудааст.
Дабири кулли СММ ҳушдор додааст, ки низоми иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон комилан дар ҳоли фурӯ пошидан аст. Ӯ дар ин гузориш аз Шӯрои Амният хостааст, ки фаъолияти СММ дар Афғонистонро мутобиқ ба шароити пешомада роҳандозӣ кунад ва барои таъсиси як ниҳоди нави ҳимоят аз ҳуқуқи башар, талош намояд.
Антонио Гуттериш мегӯяд, ки намояндагии СММ дар Афғонистон гузоришҳои муътамаде дар бораи куштор ва нопадид шудани мақомоти ҳукумати пешини Афғонистон, нерӯҳои амниятии ин кишвар ва афроде дарёфт мекунад, ки барои нерӯҳои низомӣ ба раҳбарии ИМА кор кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Толибон пас аз ба қудрат расидан, афви умумӣ эълон карда буданд.
Тибқи ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз 15-уми августи соли гузашта то кунун беш аз 100 нафар аз ин афрод ба дасти Толибон ё вобастагони он кушта шудаанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ба ҳукмҳои худсаронаи дастикам 50 нафар ба гумони узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, ишора кардааст. Ӯ дар ниҳоят изҳор дошт, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва коркунони расонаҳоро боздоштҳои худсарона, озору азият ва қатл таҳдид мекунад.
Гурӯҳи Толибон дар 15-уми соли гузашта пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ ворид Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Бо вуҷуди талошҳои зиёди Толибон, ҳануз ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати зери раҳбарии онҳоро ба расмият нашинохтааст.