Ссылки доступа

Қирғизистон гуфт, вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором аст


Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар додааст, вазъ дар марзи вилояти Бодканди ин кишвар бо Тоҷикистон 31 январ ором аст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии вазорат, маъмурони пулиси Бодканд дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ вазъро дар деҳаҳои наздимарзии ду кишвар шабонарӯзӣ назорат мекунанд.

"Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амният ва пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои марзӣ маҷмуи тадбирҳои лозимӣ анҷом дода мешавад", - афзудааст манбаъ.

Шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора задухурди мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар рух дод. Он баъди он сар зад, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Мақомоти ду кишвар нимашаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд.

XS
SM
MD
LG