Ссылки доступа

Узбекистон то соли 2026 ҳалқаи ягонаи энержии худро месозад


Узбекистон нақша дорад, ки аз ҳисоби бунёди шабакаи баландшиддати барқии 500-750-киловатсоатӣ низоми ягонаи ҳалқаи энержӣ таъсис диҳад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар ин бора 30 январ ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаҳо дар бахши варзиш, тандурустӣ, энергетика ва ҷавонон хабар додааст.

Ба гуфтаи Мирзиёев , қарор аст, то соли 2026 иқтидори умумии истеҳсоли барқ дар Узбекистон ба 27 ҳазору 400 мегават ва истеҳсоли солона то ба 110 миллиард киловат-соат расонда шавад.

"Сипас ҳамаи минтақаҳои кишвар бо бунёди низоми ягона ба шабакаи устувори 500-750-киловатӣ пайваст хоҳанд шуд", - афзудааст ӯ.

Рӯзи 25-уми январ дар Қирғизистон ва баъзе аз минтақаҳои Қазоқистону Узбекистон нерӯи барқ қатъ шуд. Котиби матбуотии Вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон Жийде Зоотбекова гуфт, ин мушкил дар пайи садама дар ҳалқаи ягонаи энержӣ ба миён омад.

XS
SM
MD
LG