Ссылки доступа

Тоҷикистон ба Афғонистон ба $56 млн. доллар барқ фурӯхтааст. Вазир: "Хусусияти иҷтимоӣ дорад"


Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон
Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон

Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" гуфтанд, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи 56 миллион доллар (1 миллиарду 275 миллион киловат соат) нерӯи барқ фурӯхтааст.

Тоҷикистон ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият намешиносад, аммо ба содироти барқ ба он кишвар идома медиҳад. Моҳи декабри соли гузашта миёни "Барқи Тоҷик"-и Тоҷикистон ва "Брешно"-и Афғонистон қарордоди содироти барқ дар соли 2022 имзо шуд. Бисёриҳо мақомотро танқид карданд.

Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 31-уми январ, ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, интиқоли барқ ба Афғонистон "хусусияти иҷтимоӣ дорад". "Вазъияти Афғонистон ташвишовар аст. Дида истодаем, ки мушкилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯз аз рӯз бештар мешаванд," – афзуд вазир.

Ба иттилои "Барқи Тоҷик", дар ҳоли ҳозир ширкати "Брешно"-и Афғонистон 33 миллион доллар қарздор аст. Муҳаммадумар Асозода, раиси навтаъини ширкат, рӯзи 31-уми январ дар Душанбе гуфт, "Брешно" ин моҳ 2 миллион доллар додааст ва моҳи феврал "масъалаи пурра пардохтани қарзро" баррасӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки пештар баъзе аз иқтисоддонҳо гуфта буданд, бо вазъияте, ки Афғонистон рӯбарӯ аст, гирифтани пули барқ осон нест.

Ба иттилои "Барқи Тоҷик", бар асоси қарордоди иловагӣ, соли 2022 ин ширкат ба "Брешно" дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарӯз то 400 мегаватт ва дар тирамоҳу зимистон 25-30 мегаватт барқ хоҳад дод.

Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2021 аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар умум 93,5 миллион доллар фоида гирифтааст. Бино ба иттилои мақомоти бахши энержии кишвар, ин маблағ нисбат ба як сол пеш 40,5 миллион доллар бештар мебошад. Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Узбекистон барқ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони кишвар аз моҳи октябр то декабри соли 2021 бо маҳдудият нерӯи барқ мегирифтанд. Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар аз барқ маҳруманд, фурӯши он ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад.

Мақомот набудани барқро дар кишвар пайваста ба таъмири хатҳо пайванд медиҳанд, вале нобоварӣ ба ин фарзия дар солҳои охир зиёд аст.

XS
SM
MD
LG