Дар асоси ин фармон 44 кас аз зиндон ба озодӣ баромада, муҳлати ҳабси 19 каси дигар кам шудааст.
Дар гузориши телевизионҳои Узбекистон гуфта шуд, ки авфшудаҳо ба зиндагӣ омода гардида, дар маҳбас касб омӯхтаанд.
Ба ҷуз ин, авфшудаҳо метавонанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсия ва барои роҳандозии тиҷорати худ аз бонк қарз гиранд.
Дар соли гузашта дар Узбекистон дар остонаи Рӯзи Конститутсия 182 маҳбусро авф карда буданд.