Ссылки доступа

Қазоқистониҳои хориҷ аз ин кишвар таҳқиқи ошкорои ҳодисаҳои январро талаб доранд


Дар шаҳри Лондони Бритониё рӯзи якшанбеи 30 январ назди бинои сафорати Қазоқистон як гуруҳи фаъолон бо талаби қатъи таъқиби ширкатдорони эътирозҳои моҳи январи Қазоқистон гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Ин фаъолон бо нишон ва парчами Қазоқистон дар рӯ ба рӯи сафорат наздики як соат истоданд.

Дар шиорҳои гирдиҳамомадагон ба манъи поймолсозии ҳуқуқи инсон ва озодии маҳбусони сиёсӣ даъват мешуд. Гирдиҳамомадагон ҳамчунин шиори "Бас аст дурӯғ гуфтан, ислоҳоти сиёсӣ ҳамин ҳоло" доштанд.

"Ҳадафи гирдиҳамоии мо ҷалби ҷомеаи Бритониё ва мақомоти қазоқистонӣ ба вазъи Қазоқистон аст. Ҳаводиси ибтидои моҳи январ дар Қазоқистон бояд ошкоро таҳқиқ шавад", - гуфт яке аз иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар суҳбат бо расонаҳо.

Як чунин гирдиҳамоӣ рӯзи 28 январ дар шаҳри Берлини Олмон сурат гирифт.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, таҳқиқоти байнулмилалиро дар бораи эътирозҳои моҳи январ дар ин кишвар рад кард.

Дар ин тазоҳурот, ки аввал ба зидди болоравии нархи сӯзишворӣ баргузор шуда, сипас ба минтақаҳои гуногуни ин кишвар густариш ёфт, дастикам 220 нафар кушта шудаанд.

Тоқаев рӯзи 29-уми январ дар мусоҳибаи аввалини телевизионии худ баъд аз ин тазоҳурот гуфт, кишвараш бо таҳдиди тундравон рӯбарӯ шуда буд ва ҳукумати вай метавонад, дар бораи ин тазоҳурот худ таҳқиқ кунад.

Вай қаблан бидуни инки далеле пеш биорад, гуфта буд, гуруҳҳои даҳшатафкани марбут ба кишварҳои дигар дар ин тазоҳурот саҳм доштанд.

Нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ба раҳбарии Маскав барои аз байн бурдани ин афрод ба Қазоқистон даъват шуда буданд.

XS
SM
MD
LG