Ссылки доступа

The Guardian: узбектаборе аз Туркия шабакаи таҳияи шиносномаҳои қалбакиро раҳбарӣ мекунад


Таҳқиқоти нашрияи бритониёии "The Guardian" муайян кардааст, ки тиҷорати онлайнии таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ бо раводид (виза)-и расмии кишварҳо ба аъзои созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) имкон медиҳад, ки бидуни мушкил аз Сурия ба Аврупо, Канада ва ИМА сафар кунанд.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот, ки 31 январ нашр шуданд, узбектаборе аз Туркия як шабакаи таҳияи шиносномаҳои қалбакиро раҳбарӣ мекунад. Ӯ бар ивази маблағи калон, баъзан то 15 ҳазор доллари амрикоӣ шиносномаи қалбакии кишварҳои гуногунро таҳия мекардааст, ки фарқи он аз нусхаи аслияш тақрибан имкон надорад.

Нашрияи "The Guardian" тавонистааст, дасти кам 10 ҳолати убури ғайриқонунии аъзои ДИ аз марзи Сурия ва парвози онҳо аз фурудгоҳи Истамбул ба кишварҳои хориҷро бо чунин шиносномаҳо ошкор кунад.

Ба гуфтаи фурӯшандаҳои шиносномаҳои қалбакӣ, бештари муштариёни онҳо мехоҳанд, ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафар кунанд. Дасти кам, ду нафар бо шиносномаи қалбакии русӣ аз Истамбул ба Мексика сафар карда, аз онҷо ғайриқонунӣ вориди ИМА шудаанд.

Ба иттилои "The Guardian", фаъолияти сокини узбектабори Туркия ба ҳадде хуб пеш меравад, ки ӯ ахиран дар паёмакрасони Телеграм каналеро боз кардааст. "Ман намепурсам, ки кӣ аз куҷо аст. Ман омодаам, бо ҳама ҳамкорӣ кунам. Вазифаи ман нест, ки муайян кунам, кӣ бад аст ва кӣ хуб. Ин вазифаи хадамотҳои махсус аст", - навиштааст ӯ дар посух ба хабарнигори "The Guardian", ки худро ҳамчун муштарӣ муаррифӣ кардааст.

Хадамотҳои махсуси кишварҳои Ғарб соли 2015 ҳушдор дода буданд, ки ҷангҷӯёни ДИ дастгоҳҳоеро барои таҳияи шиносномаҳои қалбакии Ироқ ва Сурия доранд.

XS
SM
MD
LG