Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато ҳукми 9 гумонбар дар ҳаводиси январро тағйир дод


Додгоҳе дар шаҳри Алмато қарори ҳабси пешакии 9 нафареро, ки дар робита ба ҳодисаҳои аввали моҳи январ дар Қазоқистон дастгир шуда буданд, тағйир додааст.

Бино ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, дар натиҷа 7 кас аз боздоштгоҳи муваққатӣ ва 2 нафар аз беморхона озод шудаанд. Манбаъ навореро аз лаҳзаи озодшавии ин афрод нашр кардааст.

Комиссияи "Амонат", ки барои беҳсозии шароити нигаҳдории гумонбарон дар ҳодисаи моҳи январ талош мекунад, аз озодшудаҳо Сундет Турикменбой, Талгат Макаш, Владимир Лотошка, Мейир Кенжегулов, Марат Ихсаниев, Достон Исоев, Майрамалӣ Еденов, Жасулан Амангелдиев ва Талгат Кайрат ном бурдааст.

Ба огаҳии манбаъ, ин 8 нафар ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз ҳабс озод шудаанд.

Бино ба хабарҳо, то имрӯз 25 гумонбар аз боздоштгоҳ озод гаштааст. Ҷамъан бо гумони даст доштан дар бетартибиҳои моҳи январ 250 кас дар боздоштгоҳи муваққатии Алмато нигаҳдорӣ мешаванд. ​

XS
SM
MD
LG