Ссылки доступа

Туркманистон аз оғози "давраи нави эҳё" хабар дод


Сардор Бердимуҳаммадов
Сардор Бердимуҳаммадов

Мақомоти Туркманистон аз оғози "давраи нави эҳё" дар он кишвар хабар доданд. Давраи навро ин бор писари президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов эълом карда, онро "давраи нави эҳёи кишвари соҳибихтиёр" номид.

Оғози ин давра баъди он эълом шуд, ки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чанде пеш гуфт, дар оянда Конститутсияи он кишвар бояд дубора иваз карда шавад. Вале ӯ дақиқ шарҳ надод, ки Конститутсияи Туркманистон ба кадом иловаҳо ниёз дорад.

Бердимуҳаммадови хурдӣ дар ҷаласаи ахири ҳукумати Туркманистон ба падараш ҳисобот дода, гуфт, лоиҳаи барномаи "Давраи нави эҳёи кишвари соҳибихтиёр: Барномаи миллии рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Туркманистон барои солҳои 2022-2052" омода карда шудааст.

Дар барнома аз ҷумла таъмини рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Туркманистон дар 30 соли оянда, ҳифзи устувории макроиқтисодӣ ва молиявӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои дигар пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG