Дар ин бора сомонаи департамент хабар додааст. ИМА қаблан ба шаҳрвандони худ тавсия дода буд, ки ба далели пандемияи коронавирус ва "иҷрои худсаронаи қонунҳо" ба Белорус сафар накунанд. Ҳоло ба он омили дигар, "вазъ дар марз бо Украина" илова шуд.
Пештар сафорати ИМА дар Киев аз амрикоиҳо даъват карда буд, ки Украинаро тарк кунанд. Зеро ба гуфтаи сафорат, таҳдидҳои ношӣ аз фаъолиятҳои низомии Русия "пешгӯинашаванда боқӣ мемонанд".
ИМА берун бурдани хонаводаи дипломатҳои худро аз Украина оғоз кард. Бритониё, Олмон ва Австралия низ хабар доданд, ки хонаводаи дипломатҳояшон ба иллати афзоиши таҳдидҳо аз сӯи Русия қаламрави Украинаро тарк мекунанд.