Ссылки доступа

Боздошти 15 муҳоҷири тоҷик дар Маскав. Ба ҳафт нафар эҳтимоли ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад


Мақомоти Русия 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони иштирок дар занозании гуруҳӣ дастгир кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав шоми 31-уми январ дар хабарномае гуфт, нисбати ҳафт муҳоҷир парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба онҳо эҳтимоли ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад. Як шаҳрванди Тоҷикистон ба авбошӣ гумонбар аст. Алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Назари муҳоҷирон ва ё шахсони наздик ба онҳо феълан дастрас нест. Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик шикоят доштанд, ки маъмурони интизомии Русия онҳоро барқасдона ва гуруҳӣ боздошту муҳокима мекунанд.

Вале мақомоти Русия мегӯянд, боздошти муҳоҷирони тоҷик пас аз як занозании гуруҳӣ дар шаби 29-уми январи имсол дар гузаргоҳи "Востряковский"-и Маскав сурат гирифт. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам мегӯяд, занозанӣ бинобар "хусумати шахсӣ" сар шуда, сипас ба ҷанги гуруҳӣ табдил ёфтааст.

Бино ба хабари ниҳодҳои давлатии Русия, дар умум 66 нафар ба гумони иштирок ва даст доштан дар занозанӣ дастгир шуданд. Дар ҳоле ки сафорат 15 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон меномад, маълум нест, боқимондаҳо кӣ ҳастанд ва дар ин занозанӣ чӣ нақш доштанд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон шоми 31-уми январ аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хостааст, "ҳангоми тафтиши парвандаҳо ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоя карда шаванд." "Дар сурати зарурӣ, кормандони Хадамоти консулии сафорат омодаанд, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ёрии ҳуқуқӣ расонанд," – гуфта шудааст дар иттилоияи сафорат.

Намояндагии расмии Тоҷикистон ҳамзамон аз шаҳрвандони кишвар дар Русия хостааст, "аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез" дурӣ ҷуста, қоидаҳои будубоши кишвари иқоматро муроот кунанд. Русия дар гузашта садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷикро танҳо ба сабаби мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ ва нақзи қоидаҳои будубош ихроҷ ва аз ҳаққи дубораи сафар ба он кишвар маҳрум карда буд. Дар ин миён муҳоҷироне ҳастанд, ки мегӯянд, бегуноҳ ва дастҷамъӣ аз Русия ронда шудаанд.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ҳар сол садҳо ҳазор кас ба далели набудани ҷойи кору маоши муносиб дар Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд, то барои зиндагӣ, таҳсил ва хариди манзилу баргузории маъракаҳо маблағи кофӣ ба даст биоранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, камтар аз ним миллион шаҳрванди кишвар дар Русия кору зиндагӣ доранд, аммо ҷониби Русия ин рақамро бештар аз як миллион кас медонад. Садҳо ҳазор нафар ҳамзамон шаҳрвандӣ ва шиносномаи русӣ доранд.

XS
SM
MD
LG