Ссылки доступа

Пайвандони боздоштшудагони ҳаводиси моҳи январи Қазоқистон озодии онҳоро талаб доранд (видео)


Даҳҳо тан аз шаҳрвандони Қазоқистон бо шиорҳо ва аксҳои наздикони худ чанд рӯз аст, ки пушти дари бинои додситонии шаҳри Алмато гирдиҳамоӣ мекунанд.

В Алматы родственники задержанных во время январских протестов требуют их освободить
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:49 0:00

Ҳамаи онҳо озодии касонеро талаб доранд, ки дар рӯзҳои аввали моҳи январ боздошт шудаанд. Арайлим Сагатбоева, яке аз гирдиҳамомадагон он рӯзҳо писарашро гум кард ва акнун баъди маргаш мехоҳад, номи ӯро сафед кунад.

"Рӯзи 5 январ писари ман ба гирдиҳамоӣ рафт, ки мавқеи шаҳрвандии худро изҳор дорад. Шаб ӯро маҷруҳ карданд. Дар беморхона бистарӣ шуд ва ҳамонҷо фавтид. Акнун ӯро дар терроризм айбдор мекунанд. Ман инҷо омадам, ки писари маро сафед кунанд. Вай касеро накушт ва ба касе зиён нарасонд. Дар эътирозҳо ба хотири он ширкат кард, ки аз сокинони вилоятҳои дигар пуштибонӣ кунад", - гуфт Арайлим Сагатбоева.

Кормандони додситонии шаҳри Алмато талош карданд, вазъро ором гардонанд ва ба ҳар кадоме аз ҷамъшудагон пешниҳоди навиштани аризаро карданд.

"Ҳар касе, ки инҷо омадааст, қонунан ҳақ дорад, ки талабҳои худро дар шакли хаттӣ баён кунад. Мо аз ҷониби худ вазифадорем, ки онҳоро баррасӣ кунем ва ба ҳар кадом посух диҳем", - гуфт додситони ноҳияи Бостандиқи шаҳри Алмато Ерлан Умарбоев.

Дар маҷмуъ, ин талошҳо ва талошҳои комисияи мустақили таҳқиқи шиканҷаи "Амонат" боис шуд, ки дар рӯзҳои охир аз боздоштгоҳ 36 касро раҳо кунанд. Ин касоне буданд, ки бо айби ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ҳабс шуда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, айни ҳол мумкин аст, ҳудуди 280 кас дар боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳри Алмато нигаҳдорӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG