Дар ин бора Оҷонси иттилоот ва иртиботи умуми Узбекистон хабар додааст. Вале ному насаби мудирро зикр накардааст.
Ба огаҳии оҷонс, қарордоди корӣ бо раҳбари гуруҳи нашароти "Кинотеатр" баъди омӯзиши ҳодиса бекор ва ба мудири кулли шабака танбеҳ дода шудааст.
"Шӯрои эҷодии шабака сатҳи барномаҳои телевизиониро бо иштироки коршиносон ҳамаҷониба баррасӣ карда, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҳамсон дар оянда чораҳои техникӣ, ташкилӣ ва эҷодӣ андешидааст", - омадааст дар иттилоияи оҷонс.
Филми "Баунтӣ" аз сӯи коргардони Зеландияи Нав соли 1984 ба навор гирифта шудааст.