Ссылки доступа

Порлумони Қазоқистон пешниҳоди ҳамоҳанг накардани сиёсати хориҷӣ бо Назарбоевро пазируфт


Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон тағйирот ба қонунгузории ин кишварро, ки ҳамоҳанг накардани сиёсати хориҷӣ бо собиқ президент Нурсултон Назарбоевро пешбинӣ мекунад, қабул кард.

Ин тағйиротро ҳафтаи гузашта сенат, палатаи болоии порлумони Қазоқистон пешниҳод карда буд.

"Сенат тағйирот ба қонунгузориро қабул кард, ки бар асоси он Шӯрои амният ва Маҷмаи халқҳои Қазоқистонро бояд раиси ҷумҳур роҳбари кунад. Дар ҳамин ҳол сенаторҳо - вакилони табақаи болоии порлумони Қазоқистон пешниҳод карданд, ки Елбасӣ ё пешвои миллат - Нурсултон Назарбоев аз ҳаққи таъйини самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар маҳрум шавад", - хабар дода буд Лаззат Сулаймон, яке аз сенаторҳои Қазоқистон.

Назарбоев унвони президенти нахустини Қазоқистонро қонунан соли 2000-ум соҳиб шуд. Ҳамоҳанг кардани сиёсати дохиливу хориҷии кишварро соли 2010 ба ин қонун ворид карда буданд.

Пештар аз ин порлумони Қазоқистон Назарбоевро аз мақоми раисии якумрии Шӯрои амният ва Маҷмаи халқҳои Қазоқистон маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG