Ссылки доступа

Тоҷикистон ба зидди марзбонҳои Қирғизистон парванда кушодааст


Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар пайванд ба муноқишаи шаби 27 ба 28-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда кушодаанд.

Юсуф Раҳмон рӯзи 2-юми феврал дар Душанбе марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистонро дар содир намудани "ҷинояти муайян" гунаҳкор кард. Вале тафсилот надод, ки нисбати чанд нафар ва бар асоси кадом модда парванда боз шудааст.

“Вобаста ба муноқишаи моҳи апрели соли гузашта дар марз бо Қирғизистон низ парванда боз шуда, баъзе гунаҳкорон муйян ва дастгир шуданд,” – афзуд додситони кулли Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки тарафи Қирғизистон дар ин муноқиша ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январи имсол, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Баъдан ду тараф шаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун бурда, посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ, бештар аз 400 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати сӣ сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG