Ссылки доступа

Дар Қазоқистон сокинон ҷои кор талаб доранд


Се тан аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба сатҳи бекорӣ дар вилояти Мангистау дар шаҳри Нурсултон тазоҳурот баргузор карданд.

Ин сокинони Жанаозен, ки аз онҳо Марат Жангаштиев, Акжол Шамӣ ва Асилбек Бейсембой ном бурда мешавад, дар рӯбарӯи қароргоҳи президенти Қазоқистон дар даст лавҳаҳоеро бо навиштаҳои "Нест бод, бекорӣ!", "Дар "Озенмунайгаз" ҷои кор талаб дорем!" ва "Нест бод, беадолатӣ!" доштанд.

Ба гуфтаи тазоҳургарон, онҳо барои пайдо кардани ҷои кор дар корхонаи "Озенмунайгаз" аз соли 2017-2018 навбат мепоянд. Эътирозгарон бар ин назаранд, ки бидуни "шинос" ва "пора" пайдо кардани ҷори кор дар корхонаи мазкур ғайриимкон шудааст.

"Се фарзанд дорам. Ҳамсарам низ ҷои кор надорад. Ягон нафари мо кор намекунем. Ман дар навбати ҷои кор таҳти рақами 96 истодаам. Як ҷои кор доданд, 170 ҳазор танга маош дорад, вале ин пул барои зиндагӣ намерасад. Аз бонк қарздор ҳастам, онро бояд пардохт кард. Ҳамчунин барои боғча ва дарсҳои иловагии фарзандон пул лозим аст", - изҳор дошт яке аз тазоҳургарон дар назди қароргоҳи президенти Қазоқистон.

Рафти тазоҳуротро кормандони пулис назорат карда, ба навор мегирифтанд. Чанд лаҳза пас кормандони шаҳрдории Нурсултон ба назди таҷаммуъгарон ҳозир шуда, гуфт, ҳамоиши онҳо ғайриқонунӣ аст. Вале тазоҳургарон пароканда нашуданд.

XS
SM
MD
LG