Яке аз ин бонувон сардухтури таваллудхонаи махсус ва дувумӣ сардухтури беморхонаи амрози занонаи шаҳри Кобул таъйин шудааст.
Бино ба хабарҳо, масъулони "Толибон" ба ин таъйинот баъди мулоқот бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар он масъалаи иштироки занони афғон дар умури кишвар матраҳ гаштааст, розӣ шудаанд.
"Толибон" баъди гирифтани зимоми қудрат дар Афғонистон ваъда доданд, ки ҳуқуқи бонувонро риоя мекунад, вале дубора боз маҳдудият ҷорӣ кард. Он вазорати умури занон дар Афғонистонро баъди 20 соли таъсисёбияш барҳам дода, рафтани духтарон ба мактабро манъ кард.
Ҳамчунин занон дар Афғонистон аз ҳаққи машғул шудан ба варзиш маҳрум буда, муҷриҳои телевизион вазифадор шудаанд, ки ҳиҷоб пӯшанд. Бо вуҷуди ваъдаҳои Толибон ба ҳайати ҳукумати он ягон зан ворид нашудааст.