Дар порлумон ҳамчунин аз "Парвандаи Панама" ёдовар шуданд, ки дар он номи духтар ва набераи президенти пешини Қазоқистон зикр шудааст.
"Ба иттилои созмони Tax justice network, дар 25 соли охир аз Қазоқистон наздики 140-160 миллиард доллар ба офшорҳои хориҷ бурда шудааст", - гуфт Мақсад Раҳмонқулов, вакили порлумони Қазоқистон. Раҳмонқулов гуфт, маблағи ба офшорҳо бурдашуда баробар ба яксола Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қазоқистон ва қарзи хориҷии ин кишвар аст.
"Бино ба хабарҳои мухталиф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дар 5 соли охир, аз рӯи далели ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдани сармоя, бештар аз 200 парванда боз кардаанд. Аммо маълум нест, ки оё маблағе баргардонида шудааст ё не. Фраксияи мо (ҳизби Оқ жоли Қазоқистон) дар порлумон борҳо масъалаи маъруф ба "Парвандаи Панама", "Парвандаи биҳишт"-ро бардоштааст, ки ба суратҳисобҳои қазоқистониҳо дар бонкҳои Швейтсария ва ғайра рабт дорад", - афзуд вакил.
Раҳмонқулов гуфт, овозаҳое ҳаст, ки "дар давраи ҳаводиси моҳи январ сарватмандони ошкорову пинҳонӣ на танҳо Қазоқистонро бо ҳавопаймоҳои хусусӣ тарк карданд, балки як миқдор маблағи бузургро ҳам ба таври фаврӣ ба суратҳисобҳои хориҷӣ интиқол доданд".
Ин дар ҳолест, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як мулоқот бо тоҷирони он кишвар рӯзи 21 январ гуфт, 162 кас нисфе аз сарвати Қазоқистонро дар ихтиёр доранд ва "сатҳи ғайри қобили қабул"-и фосила байни сарватмандону фақирон боиси эътирозҳои хунуни зиддиҳукуматӣ дар ибтидои моҳи январ шуд.
Баъди ҳаводиси моҳи январ, ки боиси марги 227 одам шуд, Тоқаев гуфт, ки дар Қазоқистон бунёди "Мардуми Қазоқистон" ташкил мешавад ва сарватмандон ба ин бунёд сармоягузорӣ мекунанд.