Ссылки доступа

ИМА дар Лаҳистону Руминия 3 ҳазор низомӣ ҷойгир мекунад


Американские военные на учениях в Польше
Американские военные на учениях в Польше

Ба кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ дар фурсатҳои наздик, барои тақвияти амнияти кишварҳои узви НАТО, 3 ҳазор низомии амрикоӣ ирсол мешавад.

Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати президенти ИМА Ҷо Байден иттилоъ дод.

Ин иттилоъро намояндаи расмии Пентагон низ тасдиқ кард. Дар вазорати мудофиаи ИМА гуфтанд, ки президент Байден фармони ирсоли 2 ҳазор низомиро ба Лаҳистон имзо кардааст.

Ҳазор низомии дигари амрикоӣ ба Руминия ирсол хоҳад шуд, аммо ин низомиҳо на аз ИМА, балки аз Олмон ба Руминия фиристода мешаванд.

Пештар аз ин ИМА 8500 низомии худро барои ирсол ба Аврупо ба ҳолати омодабошӣ комил гузаронида буд.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки Бритониё дар ояндаи наздик ба Лаҳистон ва Эстония неруи иловагӣ ирсол мекунад.

ИМА ва ҳампаймононаш борҳо гуфтаанд, ки ҳама гуна хушунати Русия нисбати Украина боиси афзоиши шумори низомиҳои НАТО дар қисмати шарқии ин эътилоф хоҳад шуд. Ирсоли неруҳои НАТО ба Украина дар нақша нест. Намояндаи Пентагон рӯзи чаҳоршанбеи 2 феврал бори дигар гуфт, ки низомиҳои амрикоӣ дар қаламрави Украина "намеҷанганд".

XS
SM
MD
LG