Фаъоли мадании қазоқ Марат Турумбетов 2 феврал дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки мақомоти Алмато ба дархости баргузории тазоҳуроти "Кантар-2022" дар рӯзи 13 феврал ҷавоби рад доданд.
"Зоҳиран, барои онҳо ҳаводиси моҳи январ ва қурбониёни он аҳамияте надорад. Фаҳмида мешавад, ҳеч гуна муколамае бо мардум нахоҳад шуд. Ҳаминтариқ, шаҳрдори тозатаъйин Досаев муносибати худ бо мардумро нишон дод ва исбот кард, ки ӯ ба самти демократисозӣ намеравад", - навиштааст фаъоли мадании қазоқ.
Дар шаҳрдории Алмато гуфтанд, ки дар асоси қарори сардухтури шаҳр ба баргузории ҳамоишҳои оммавӣ феълан иҷозат дода намешавад.