Ссылки доступа

Вазири маорифи Тоҷикистон: "Амнияти донишҷӯёни мо дар Қирғизистон таъмин нест"


Вазири маорифи Тоҷикистон аз донишҷӯён хост, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд, "чун амнияти онҳо таъмин намешавад".

Солҳои гузашта ҳудуди 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекарданд ва бо баста шудани марзи ин кишвар барои таҳсили онҳо мушкил эҷод шуд.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 3-юми феврал гуфт, ҳамаи он донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, баъди муроҷиат ба онҳо дар донишгоҳҳои дохили кишвар ҷой дода шуданд. Имомзода гуфт, ҳатто баъзе аз ин донишҷӯён ҳуҷҷат ҳам пешниҳод карда натавонистанд, аммо сарфи назар аз ин, дархости онҳо барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо қонеъ карда шуд.

Вазири маориф батакрор аз донишҷӯёни тоҷик ва волидайни онҳо хост, ки феълан аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоянд.

"Хоҳиш мекунам, ки дар ҳоли ҳозир нараванд. Амнияти шаҳрвандони мо дар Қирғизистон таъмин намешавад. Бо ҳар баҳона ба онҳо фишор меоранд. Аз расонаҳо огоҳ шудем, ки як донишҷӯдухтари мо, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин таҳсил мекунад, баъди рафтан ба онҷо дастгир шудааст. Эҳтиромона хоҳиш мекунам ба он кишвар нараванд, ягон ҳолати нохуш нашавад",-даъват кард вазири маориф.

Мушкил дар роҳи донишҷӯёни тоҷик баъди моҳи майи соли гузашта сар зад. Дар ин моҳ Қирғизистон марзҳои худро баъди як муноқиша ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз вокуниш накардааст. Пештар мақомоти Қирғизистон гуфтанд, сарфи назар аз баста будани марз ба донишҷӯёни тоҷик иҷозат додаанд, ки вориди Қирғизистон шаванд.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар тақрибан як соли охир ба сардӣ печидааст. Моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG