Ссылки доступа

Вакили порлумон аз раҳбарияти Қирғизистон хост, муносибатҳо бо Узбекистонро тақвият бахшанд


Вакили порлумони Қирғизистон Бакит Торобоев 3 феврал дар ҷаласаи порлумонӣ аз раҳбарияти Қирғизистон даъват кард, ки муносибатҳо бо Узбекистонро тақвият бахшанд.

Бакит Торобоев ёдовар шуд, ки миёни ду кишвар ҳанӯз ҳам гузаргоҳҳои марзии бознашуда боқӣ мондаанд.

"Дар ноҳияҳои Сӯзак ва Оқсой гузаргоҳҳо ҳастанд. Узбекистон омодааст, ин постгоҳҳоро боз кунад, вале аз ҷониби мо монеа дида мешавад. Тибқи оморҳо, аз 2 миллиону 200 ҳазор нафаре, ки соли 2020 вориди Қирғизистон шудаанд, 68 дарсадашон узбекистониҳо ҳастанд. Водии Фарғона 11 миллион аҳолӣ дорад. Агар онҳо бо кишвари мо равуо кунанд, бахши сайёҳӣ, тиҷорат ва робитаҳои иқтисодии мо тақвият меёбад", - афзуд вакили қирғиз.

Қирғизистон бо Узбекистон 1378 километр марзи муштарак дорад, ки 1170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст. Дар миёни ду кишвар 9 минтақаи баҳсӣ вуҷуд дорад ва ин номуайянӣ дар бештари маврид боиси низоъҳои марзӣ миёни сокинони дуҷониб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG