Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бахши 5 донишгоҳи Русияро боз карданиянд


Гулзод Кобенова, як масъули Вазорати маорифи Қазоқистон 2 феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки нақша доранд, давоми солҳои оянда бахши 5 донишгоҳи Русияро дар ин кишвар боз кунанд.

"Дар ҳоли ҳозир мувофиқасозӣ бо ҷониби Русия идома дорад. Дақиқ гуфта метавонам, ки то соли 2025 бахши панҷ донишгоҳ кушода хоҳад шуд", - изҳор дошт Кобенова.

масъули Вазорати маорифи Қазоқистон ба суоли ин ки онҳо бахши донишгоҳҳои Русия мебошанд, посухи тасдиқкунанда дод.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ 11 январ ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфта буд, ки дар кишвараш бахшҳои донишгоҳҳои пешрафтаи технологии Русия таъсис дода мешавад.

Вай гуфт, то соли 2025 бояд дар Қазоқистон дасти кам, бахши панҷ донишгоҳи Русия боз шавад.

XS
SM
MD
LG