Ссылки доступа

Додситон мегӯяд, ӯро таҳқир кардаанд. Афсарони БДА исрор меварзанд, ки туҳмат аст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Додситон мегӯяд, ӯро таҳқир кардаанд. Афсарони БДА исрор меварзанд, ки туҳмат аст. (видео)

- "Тоқаев бояд барои ҳалокати одамон ҷавоб диҳад". Корманди донишгоҳро барои изҳори назараш барканор карданд. (видео)

- "Брешно"-и Афғонистон аз "Барқи Тоҷик" $33 млн. қарздор мондааст. Муҳаммадумар Асозода, раиси "Барқи Тоҷик", 31 январ гуфт, "Брешно" 2 миллион доллар пардохтааст ва моҳи феврал "масъалаи пурра пардохтани қарзро" баррасӣ мекунанд. Қаблан баъзе аз иқтисоддонҳо гуфта буданд, бо вазъияте, ки Афғонистон рӯбарӯ аст, гирифтани пули барқ осон нест. (видео)

- Дар Қирғизистон дар давоми як соли раҳбарии Ҷабборов чӣ тағйирот шуд? (видеои Настоящее время)​

- Зани аробакаш бо ёрии хайрхоҳон соҳиби манзил шуд. Як гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2021 зиндагии занеро, ки дар хонаи иҷора мезист ва барои рӯзгузаронии худу кӯдаконаш коғаз ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ меовард, тағйир дод. Ҳоло Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи Душанбе, соҳиби хонаи сеҳуҷраӣ шудааст. Мегӯяд, ба ӯ хайрхоҳон ёрӣ доданд. (видео)

- “Vahdat Textile”. Садҳо бонувони шаҳри Кӯлоб ҳунари ҷӯроббофиро ба тиҷорат табдил медиҳанд. “Vahdat Textile” логотипи ҷӯробест, ки бо дастони ин занҳо дар Кӯлоб омода мешавад. Бонувони ин корхона то шаш моҳи пеш бовар надоштанд, ки дар Кӯлоб чунин корхона боз мешавад. Ҳоло вазифаи асосии занон дар корхона, назорати дастгоҳи ҷӯроббофӣ аст. (видео)

- Максим Гордеев. Аз Қаракӯл то Олимпиадаи Пекин. Соҳибҷоиза ва ғолиби мусобиқаҳои байналхалқӣ - варзишкор Максим Гордеев ягона варзишкоре аст, ки Қирғизистонро дар бозиҳоии зимистонаи Олимпии Пекин муаррифӣ мекунад (видео)

- Оқибатҳои ҷанг дар марз. Хонаҳои сӯхта ва мошинҳои олуда ба хун (видео)

- Чаро нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад? (Назари коршиносон)

- Ятимов ва Тошиев дар рӯзи дуюми музокироти марзӣ (акс)

- Дар Алмато аз ҷуброни тоҷироне хабар доданд, ки дар ҳодисаҳои ибтидои моҳи январ зарар диданд. Соҳибкорон аз ҳаҷми ҷуброн розӣ нестанд (видео Настоящее время)

- «Адолат нест». Дар Чимкенти Қазоқистон наздикони як маҳбус эътироз доранд (видео)

- Гирдиҳамоӣ пушти дари "Кактуса": талаби бастани расонаеро доранд, ки ҳодисаҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистонро холисона инъикос кард (видео Настоящее время)

- Раиси "Нур-Отана" акнун Тоқаев аст. Пештар ин ҳизбро Назарбоев раисӣ мекард (видео Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG