Ссылки доступа

Модарони серфарзанд ва наврасонро дар Қазоқистон баъди ҳаводиси январ ба ҳабс гирифтанд


Ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошт ва ҳабси модарони серфарзанд дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон, инчунин ҳабси ноболиғон дар шаҳри Тарози он кишвар хабар доданд.

Дар ин бора рӯзи 3 феврал дар як мулоқот дар маркази матбуотии Бюрои ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон хабар дода шуд.

Азиза Амирбекова, ҳуқуқшинос дар ин нишаст гуфт, ки дар Қизилорда 8 модари серфарзанд бо моддаи "Бетартибии оммавӣ" айбдор мешаванд, ки бархе аз онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Ба иттилои ин ҳуқуқшинос, бо айни ҳамин айб се модари серфарзанди дигарро дар Оқтеппа гумонбар кардаанд.

Ба ҷуз ин, ба иттилои Амирбекова, дар шаҳри Тароз 6 навраси 16-17-соларо дар ҳабс нигаҳ медоранд. Нисбати онҳо низ бо моддаи "ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ" парванда боз шудааст.

Рисбек Сарсенбаулӣ, рӯзноманигори қазоқистонӣ дар мулоқоти рӯзи 3 феврал гуфт, ки бовари вай, аз боздоштшудаҳо талаб доранд, "мавҷудияти 20 ҳазор террорист"-ро тасдиқ кунанд.

"Дар саросари Қазоқистон наздики 10 ҳазор кас боздошт шуд. Фикр мекунед, ҳамаи онҳо харобкору ғоратгар буданд? Не. Ин таъқиб аз сӯи Тоқаев аст", - гуфт Сарсенбаулӣ.

Дар ҳаводиси ибтидои моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон 227 кас кушта шуд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки эътирозҳои мардумиро "20 ҳазор террорист" роҳандозӣ кардаанд. Созмонҳои байналхалқӣ аз Қазоқистон даъват карданд, поймолшавии ҳуқуқи инсонро дар ҳодисаҳои мазкур таҳқиқ кунад.

XS
SM
MD
LG