Ссылки доступа

Вазири энергетикаи Қазоқистон дар бораи эътирозҳои моҳи январ


Вазири энергетикаи Қазоқистон Болат Акчулаков 3 феврал дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар бораи замина ва сабабҳои эҳтимолии эътирозҳои моҳи январ посух дод.

Акчулаков гуфт, ниҳоди зери раҳбарии ӯ талош дорад, ки "иштибоҳҳо дигар такрор нашаванд".

"Мо бояд дар ин давра (мораторияи 180-рӯза ба гароншавии газ) ба ҷои ҷустуҷӯи гунаҳкорон қоидаҳои наверо коркард кунем, ки дар оянда ин мушкилиҳо пеш наояд. Кофтукоб вазифаи ниҳодҳои дигар аст. Вазифаи мо дар ҳоли ҳозир роҳ надодан ба чунин вазъ аст. Мо бояд ислоҳоти наверо коркард кунем, ки имкони пешгирӣ аз якбора боло рафтани нархи сӯзишвориро бо риояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолгарон фароҳам кунад", - афзуд вазири қазоқ.

Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.

XS
SM
MD
LG