Ссылки доступа

Дар Алмато нахустин тазоҳурот баъди ҳаводиси январ баргузор шуд


Беш аз сад сокини шаҳри Алматои Қазоқистон 5 феврал гирди ҳам омада, талаб карданд, ки шаҳрдор тавассути интихобот баргузида шавад.

Ин тазоҳуроти осоишта нахустин таҷаммуъ дар Алмато баъд аз ҳодисаҳои моҳи явнар аст. Он дар мувофиқа бо мақомот дар майдони назди бинои Академияи улуми Қазоқистон баргузор шудааст.

Таҷаммуъгарон талаб карданд, ки шаҳрдори кунунии Алмато аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ шахси дигаре тавассути интихоботи бевосита баргузида шавад. Дар Қазоқистон дар ҳоли ҳозир раисони шаҳру вилоятҳоро президент таъйин мекунад.

Дар тазоҳурот наздикони боздоштшудаҳо дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ низ иштирок ва талаб карданд, ки пайвандонашонро озод кунанд. Ба гуфтаи онҳо, гумонбарон дар боздоштгоҳ шиканҷа мешаванд.

XS
SM
MD
LG