Ссылки доступа

Бозпурсии мусалмонҳое дар Туркманистон, ки аркони исломро риоя мекунанд


Дар вилояти Марӣ (Марв)-и Туркманистон Вазорати амнияти миллӣ назорат аз болои диндоронро сахттар кардааст. Ба иттилои сокинон, мақомоти қудратӣ касонеро бозпурсӣ мекунанд, ки дар нигаҳдории адабиёти диннӣ гумонбар ҳастанд.

"Маро пурсиданд: "Кӣ амри маъруф мекунад? Кӣ зидди ҳукумат ҳарф мезанад? Кӣ намозхониро ёд медиҳад?"", - нақл кард як сокини Марӣ.

Яке дигар аз диндорон гуфт, мақомоти қудратӣ онҳоеро бозпурсӣ мекунанд, ки дар "рӯйхати сиёҳ" шомил шудаанд.

"Мо пурсидем, ки чаро дар рӯйхати сиёҳ ҳастем? Ба мо посух доданд, ки соли гузашта манзили шуморо кофтукоб кардем ва ба шумо пешниҳод кардем, ки шароб нӯшед. Касоне ки нанӯшиданд, шомили "рӯхати сиёҳ" шудаанд", - гуфт сокини Марӣ.

Созмонҳои байналхалқӣ мақомоти Туркманистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динии сокинон танқид мекунанд. Мақомоти Туркманистон фишорҳо болои диндоронро расман шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG