"Додгоҳ қарори ҳабси Давлат Эргожинро содир кард. Парвандаи вай "махфӣ" аст", - навиштанд расонаҳои маҳаллӣ.
Давлат Эргожин аз моҳи ноябри соли 2016 то январи соли ҷорӣ муовини раиси КАМ буд. Эргожинро баъди ду моҳи раисшавии Карим Масимов - раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон - муовин таъйин карда буданд.
Рӯзи 5 январ як гуруҳи одамони номаълум ба эътирозҳои шарқу ҷануби Қазоқистон дахолат ва эътирозҳоро ба хун кашонданд. Он замон Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон Карим Масимовро аз мақом барканор кард. Масимов мансабдори мавриди эътимоди Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дониста мешуд. Масимов баъди барканори аз раисии Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шуд.
Баъди барканории Масимов рӯзи 9 январ се муовини вай низ аз мақом барканор шуданд.