Дар порчае аз мусоҳиба Лукашенко дар бораи мафҳуми "нисбӣ" будани "истиқлол" андешаронӣ карда, аз "газ, нафт ва бозор"-и Русия ёдовар мешавад.
Дар посух дар бораи чигунагии Давлати иттифоқӣ баъди 10-15 сол, Александр Лукашенко гуфт, ки: "Медонед, Белорус аллакай онҷост. Фикр мекунам, барои Қазоқистон дарси хубе буд. Агар шумо аз 15 соли оянда гуфтугӯ мекунед, бовар дорам, агар мо иштибоҳе содир накунем, Украина ҳам онҷо хоҳад буд".
Моҳи гузашта Лукашенко ҳаводиси моҳи январи Қазоқистонро "як дарси дигар" барои Белорус унвон кард.
Давлати иттифоқии Русияву Белорус - сохтори фародавлатиест, ки созишномаи таъсиси онро Александр Лукашенко 8 декабри соли 1999 бо президенти вақти Русия Борис Елтсин имзо карда буд. Ин созишнома аз ҷумла таъсиси порлумони ягона, асъори умумӣ, қонунгузории муштарак ва рамзҳои умумии давлатиро дар назар дорад.
Баъди он ки натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 дар Белорус боиси эътирозҳои оммавӣ шудаву сокинон ба пирӯзии номзад Светлана Тихановская таъкид мекарданд, Москва талаби гуфтугӯи таъсиси Давлати иттифоқиро бештар кард.
Ғарб Лукашенкоро президенти машруъ намеҳисобад ва ӯро дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот айбдор мекунад.
Бархе аз намояндагони мухолифон аз он нигаронанд, ки Лукашенко метавонад, ба хотири пуштибонӣ дидан аз Москва аз истиқлоли Белорус даст кашад.