Ссылки доступа

Дар Қазоқистон сокинон бо талаби ҷойи кор тазоҳурот мекунанд


Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи шашум аст, ки бо талаби ҷойи кор дар корхонаҳои коркарди нафт тазоҳурот мекунанд.

Ба гуфтаи фаъолон, шумори довталабони ҷойи кор дар рӯйхат ба 2500 расида, он ҳар рӯз идома меёбад.

Ба назди тазоҳургарон котиб ва вакили маҷлиси вилояти Мангистау - Нури Тумишев ва Елубай Абилов баромаданд, вале касе ба онҳо гӯш накард. Тазоҳургарон баъди нисфирӯзии 7 феврал тавонистанд, бо шаҳрдори Жанаозен мулоқот кунанд.

Шаҳрдор Мақсад Ибагаров пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкил комиссия ташкил шавад. Тазоҳургарон ба пешниҳоди шаҳрдор розӣ нашуданд ва таҷаммуъ идома дорад.

XS
SM
MD
LG