Ссылки доступа

Қирғизистон аломатгузорӣ шудани 81 километри дигари марзаш бо Тоҷикистонро тасдиқ кард


Хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон 7 феврал хабар дод, ки дар натиҷаи ҷаласаҳои гуруҳи топографии ин кишвар ва Тоҷикистон аз 1 майи соли гузашта 81 километр марзи муштараки ду кишвар муайян шудааст.

Манбаъ афзудааст, ки ҷаласаи навбатии гуруҳи мазкур қарор аст, рӯзҳои 10-15 феврал дар ҳудуди Қирғизистон баргузор шавад.

Дар Девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, ки ҳангоми таъйини хатти марз миёни ин кишвар ва Тоҷикистон санадҳои солҳои 1924, 1927 ва 1989 ба инобат гирифта мешаванд.

Пештар Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва ҳамзамон роҳбари гуруҳи топографӣ, рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ соли гузашта 81 километри дигари марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян шудааст.

"Ман ҳамчун роҳбари гуруҳи топографӣ чунин изҳор мекунам, ки соли 2009 ин замин аз тарафи Тоҷикистон ба Қирғизистон ба иҷора дода шудааст. Дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз аввал то имрӯз бо ду ҳуҷҷат - ҳуҷҷати солҳои 1924-1927 ва соли 1989 корбарӣ рафта истодааст. Бо назардошти ин ду ҳуҷҷати расмӣ ин қитъа бе ягон баҳс ҳудуди Тоҷикистон аст", - таъкид кард Ориф Хоҷазода.

Аломатгузории марз ҳоло яке аз масъалаҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале нишонагузорӣ нашудани беш аз чаҳорсад километри он ҳар чанд вақт сабаби занозании мардум ва муноқишаи мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мешавад.

XS
SM
MD
LG