Ссылки доступа

Модари блогер куҷо шуд? Мақомот шарҳ намедиҳанд, пайвандон нигаронанд


Идимо Маҳмадҷонова, модарбузурги Шерзод Маҳмадҷонов
Идимо Маҳмадҷонова, модарбузурги Шерзод Маҳмадҷонов

Пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер "Абдураҳмон09" рӯзи 7-уми феврал бо ирсоли нома ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кулл ва Омбудсмен хостаанд, мақомот макони нигоҳдории ин занро ошкор кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова ба гуфтаи наздиконаш рӯзи 3-юми феврал ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат даъват шуд ва то ҳол бедарак аст. Мақомот аз ироаи ҳамагуна шарҳ дар бораи сарнавишти ин зан худдорӣ мекунанд.

Идимо Маҳмадҷонова панҷ рӯз аст, ки дар ҷустуҷӯи макони духтараш аст. Ин зан мегӯяд, духтараш бори ахир рӯзи 3-юми феврал бо ӯ суҳбат карда, гуфта буд, ки телефонашро аз идораи пулиси шаҳри Ваҳдат гирифта, ба хона меояд. Вале ин кор сурат нагирифт ва наздикон ба ҷустуҷӯи Шоҳида Маҳмадҷонова ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат рафтанд.

“Домодам гуфт, ки ду моҳ пеш телефони Шоҳидаро як корманди милиса бо номи Парвиз гирифтааст. Ба назди ӯ рафтем, аммо вай гуфт, ки ба дигар ҷой ба кор гузаштааст. Рақами як корманди дигарро доданд. Ӯ якум маротиба ба занги мо ҷавоб дода гуфт, баъди 20 дақиқа вазъиятро аниқ карда, баъд гап мезанад. Аммо дигар ба зангҳои мо ҷавоб надод,”--афзуд Идимо Маҳмадҷонова.

Модари блогери тоҷик дар куҷост? Мақомот шарҳ намедиҳанд, пайвандон нигаронанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:46 0:00

Мақомот, аз ҷумла масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, дар бораи тақдири Шоҳида Маҳмадҷонова ягон шарҳ намедиҳанд. Талошҳои зиёди мо барои гирифтани назари мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, кормандони пулис танҳо то 72 соат ҳақ доранд, шахсро дар боздошт нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод шавад. Наздикони Шоҳида Маҳмадҷонова хабарҳои зидду нақизе дарёфт кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Душанбе аст. Аммо мақомот ин иттилоъро тасдиқ накардаанд. Пайвандонаш гуфтанд, талош доранд, бо ёрии вакили дифоъ макони нигоҳдории Шоҳида Маҳмадҷоноваро маълум кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон аст. Ин блогер борҳо аз амалкарди мақомот дар бораи сатру ҳиҷоб интиқод мекунанд. Шерзод Маҳмадҷонов бовар дорад, ки модарашро барои хотири баромадҳои ӯ дастгир кардаанд. Мақомот ба ҳарфҳои ин блогер то ҳол вокуниш накардаанд.

Шерзод Маҳмадҷонов ё "Абдураҳмон 09" мегӯяд, солҳои гузашта низ модарашро борҳо ба идораи пулис даъват карда, талаб мекарданд, ки фарзандаш ба ватан баргардад. “Аммо моҳҳои гузашта ин даъватҳо фарқияти калон дошт. Дар моҳҳои гузашта гуфта буданд, ки фарзанди шумо ягона шонс дорад, ки биёяд ҷаноби олӣ ӯро мебахшад. Вақте ҳама плонҳои онҳо кор накард, онҳо аз таҷрибаи Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Чин ва Чеченистон истифода карданд. Дар ин давлатҳо хешу таборро медузданд, бо умеде, ки фарзандашон, ҷияншон, хешу таборашон фаъолиятҳои худро кам мекунад ё инки қатъ мекунад,”--афзуд ин блогер.

Шикояти Шерзод Маҳмадҷонов аз фишор болои хонаводааш пештар ҳам садо дода буд. Аз ҷумла, ин блогер соли 2020 гуфта буд, модарашро ба хотири баромадҳои ӯ аз кор дар Беморхонаи шаҳри Ваҳдат озод карданд. Аммо масъулини беморхона он вақт гуфта буданд, Шоҳида Маҳмадҷонова бо хоҳиши худаш аз кор рафт.

Далели ба хона ҷавоб надодани Шоҳида Маҳмадҷонова ҳар чизе, ки бошад барои модари ӯ ҳоло муҳим нест. Идимо Маҳмадҷонова мехоҳад, макони духтараш ва чӣ аҳвол доштани ӯро фаҳмад.

Ин зан рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мақомот танҳо мехоҳад, ки дар куҷо будани духтарашро ошкор кунанд. “Вай чӣ гуноҳ дорад? Тарафдори бачаш ҳам нест барои мисол. Тарафдори тинҷию амонӣ аст.”

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, борҳо мақомотро барои азияту озори наздикони мухолифин дар дохили кишвар интиқод мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора ин гуна танқидҳоро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG