Ссылки доступа

Як блогери узбекистониро бо айби таҳқири ду президент дар интернет 3 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳи ноҳияи Ҳазораспи Узбекистон блогер Собирҷон Бобониёзовро бо айби таҳқири президентҳо тариқи интернет, се сол зиндонӣ кард.

Ҳукми додгоҳ нисбати Бобониёзов 3 феврал содир шуд.

Абдураҳмон Ташанов, ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки Бобониёзов дар таҳқири президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ва президенти кунунии он кишвар Шавкат Мирзиёев айбдор шуд.

Дар хулосаи додгоҳ омадааст, ки блогер ин "ҷиноятро такроран дар ҳолати мастӣ содир кардааст".

XS
SM
MD
LG