Ссылки доступа

Дар Қирғизистон моҳи ҳимоят аз кӯдакон шуруъ шуд


Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон эълом кард, ки аз 8 феврал моҳи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак шуруъ мешавад.

Дар раёсати ваколатдор гуфтанд, ин маърака то 9 март идома мекунад ва аз ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва афроде, ки дар ин масъала бетараф нестанд, даъват мешавад, ҳама гуна далели истифода хушунат нисбати кӯдакро ба мақомот расонанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон мегӯяд, "волидон ва калонсолон дарк намекунанд, ки хушунат барои ояндаи кӯдакон оқибати сангин дорад". "Сабаби дувум ин ки хушунатгарон беҷазо мемонанд", - гуфтанд дар дафтари ваколатдор.

Ба иттилои ваколатдор, дар оғози соли 2021 дар Қирғизистон 2 млн 381 ҳазор кӯдак мавҷуд буд, ки 68 дарсади онҳо дар деҳот мезистанд. Бо ин вуҷуд, 11 дарсади ноболиғони то 17-сола танҳо яке аз волидонро доштаанд.

XS
SM
MD
LG