Ин гуфтугӯ асосан ба вазъи атрофи Украина ва талаби кафолати амният аз сӯи Москва рабт дошт.
Владимир Путин мулоқотро судман ва пурмуҳтаво унвон кард ва ҳамзамон афзуд, ки бархе пешниҳодҳои Макрон метавонанд барои қадамҳои баъдии таъмини кафолат асос гарданд. Роҳбарон ба созиш расиданд, ки баъди сафари Макрон ба Киев дар рӯзи сешанбе, дубора гуфтугӯ хоҳанд кард.
Путин чанд маротиба такрор кард, ки шомил шудани Украина ба НАТО дар оянда маънои ҷанги калонҳаҷм дар Аврупоро дорад. Ба гуфтаи Путин, НАТО Русияро ҳамчун рақиб баҳо медиҳад ва шомил шудани Украина ба НАТО ва ҳамзамон талоши баргардонии Қрим ба таври худкор кишварҳои Аврупоро ба низои мусаллаҳона бо Русия таҳрик хоҳад дод.
Владимир Путин гуфт, ки Москва "барои пайдо кардани роҳҳои созише, ки ҳамаи ҷонибҳоро қонеъ кунад, талош меварзад".
Президенти Фаронса дар навбати худ гуфт, ки дидгоҳҳои Путин дар мавриди бархе аз масоил аз мавқеи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фарқ доранд. Макрон ҳамчунин илова кард, ки кор болои кафолатҳои нави амниятӣ наметавонад, дар шароити иҷро нашудани созишҳои пешин давом кунад.
Макрон гуфт, мулоқот бо Путин маънои ҳосил кардани созишро надорад, аммо президенти Фаронса хушҳол аст, ки гуфтугӯ дар маҷмуъ шуруъ шудааст.
Макрон дар як ҳафтаи охир се маротиба тариқи телефон бо Путин гуфтугӯ кард. Имрӯз Макрон ба Киев рафт.
Ахиран садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ба ИМА сафар кард. Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда ва ба Киев ва баъд ба Москва ояд.