Ссылки доступа

Додситонии Қазоқистон дархости нашри рӯйхати қурбониёни ҳаводиси январро рад кард


Додситонии кулли Қазоқистон дархости эъломи ному насаби шаҳрвандонеро, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январ дар он кишвар ҷон бохтаанд, рад кардааст.

"Додситонии кулли Қазоқистон 15 январ аз кушта шудани 225 кас дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январ хабар дода буд. Маълумоти иловагӣ дар бораи кушташудаҳо бар асоси банди 201-и Кодекси ҷиноӣ дар ҳоли ҳозир ошкор карда намешавад", - омадааст дар посухи додситонӣ ба дархости раҳбари бунёди "Ар.Рух.Хак" Бахтжан Торегожин, ки онро ӯ 8 феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи бетартибиҳои аввали моҳи январ дар Қазоқистон 225 кас, аз ҷумла 19 низомӣ кушта шудааст. Мақомот як қисми кушташудаҳоро "ҷангиёни низомӣ" номиданд. Шумори дақиқи сокинони кушташудаи осоишта эълом карда намешавад.

"Ар.Рух.Хак" ва фаъолони маданӣ, ки бо ҷамъоварии иттилоъ машғул ҳастанд, шахсияти 173 қурбонии ҳаводиси январро эълом карданд.

Фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки рӯйхати кушташудаҳоро нашр кунанд.

XS
SM
MD
LG