Бердимуҳаммадов ва Ҷинпин дурнамои ҳамкориҳои энержии ду кишварро баррасӣ кардаанд, менависад Хабаргузории расмии Туркманистон (TDH).
Ба иттилои манбаъ, Туркманистон мехоҳад, ҳаҷми содироти гази табиӣ ба Чинро ба таври назаррас афзоиш диҳад.
Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки Чин моҳи июли соли гузашта барои ҳазор метри мукааб гази табиӣ ба Туркманистон 238 доллари амрикоӣ пардохт кардааст.