Ба назари Қодиров, "таърих нишон додааст, давлатҳое, ки бо таҳдиду зуроварӣ ташкил мешаванд, зуд пош мехӯранд".
"Ин нақшаҳо ба эҳтимоли зиёд, вокуниши баръакс дода, дар минтақаҳое, ки мехоҳанд, империяи шӯравиро дубора таъсис диҳанд, давлатҳои нав ташкил мекунад. Албатта, ин метавонад боиси ларзиши ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа низ шавад", - изҳор дошт Қодиров.
Лукашенко суханҳояшро дар суҳбат бо рӯзноманигори рус Владимир Соловев баён дошат буд.
Лукашенко қаблан низ, 10 январ дар ҷараёни саммити онлайнии раҳбарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфта буд, "нерӯҳое, ки дар Қазоқистон бетартибӣ ташкил карданд, акнун Узбекистонро ҳадаф қарор додаанд". Ӯ Тошкандро ҳушдор дод, ки аз ҳаводиси Қазоқистон "дарси ибрат бигирад". Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳушдори ӯро "беасос" номид.