Омӯзгорон аз волидони хонандагон узр хостанд, аммо ин узрхоҳӣ боиси эътироз дар ҷомеа шуд.
Манобеъ мегӯянд, мудири маорифи ноҳияи Марҳамат омӯзгоронро ба ин иқдом маҷбур кардааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин узрхоҳиро ҳамчун зарба ба ҳайсияти омӯзгорон баҳо доданд.
Бахтиёр Саидов, вазири маорифи халқии Узбекистон рӯйдоди ноҳияи Марҳаматро "иқдоме зидди сиёсати давлат" унвон кард.
"Ман намедонам, ки ангезаи ин кор чи буд, аммо гунаҳкорон бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд. Ман ҳамчунин аз омӯзгорон даъват мекунам, ки иҷоза надиҳанд ҳайсияташон помол гардад", - гуфт вазир.