Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқи қирғизистонӣ барои ҳимоят аз ҳамватанонашон ба Қазоқистон рафтанд


Ҳайати Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон ва Маркази миллии пешгирии шиканҷаи Қирғизистон рӯзи 8 феврал барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қирғизистоние, ки дар Қазоқистон ҳастанд, ба он кишвар рафтанд.

Аз дафтари ваколатдор рӯзи 9 феврал гуфтанд, ки ҳомиёни ҳуқуқ бо муовини додситони шаҳри Алматои Қазоқистон Нурлан Ауганбоев мулоқот кардаанд. Ауганбоев гуфтааст, нисбати ду тан аз шаҳрвандони Қирғизистон дар робита ба ҳаводиси моҳи январ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳайати ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 10 феврал дар шаҳри Тарози Қазоқистон бо мақомоти Қазоқистон мулоқот хоҳанд кард. Ба иттилои пешакӣ, дар ин шаҳр ду шаҳрванди Қирғизистон дар боздошт аст.

Дар ҳаводиси моҳи январи Қазоқистон дар маҷмуъ наздики 10 тан аз шаҳрвандони Қирғизистон боздошт шуда буданд. Ба илова ду тан аз қирғизистониҳо дар он ҳодисаҳо кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG