Ссылки доступа

Дар Ишқобод сагҳои дайдуро бо ёрии кӯдакон "шикор" мекунанд


Мақомоти шаҳри Ишқободи Туркманистон маҳвсозии сагҳову гурбаҳои дайдуро сахттар кардаанд.

Ба иттилои сокинон, мақомот барои ин кор кӯдаконро низ ҷалб кардаанд.

Маҳвсозии сагҳову гурбаҳо дар шаҳри Ишқобод дар ҳолест, ки дар он шаҳр ба зудӣ анҷумани Маслиҳати Халқӣ баргузор мешавад.

Мақомоти Ишқобод ду ҳафта аст, ки маҳвсозии сагҳову гурбаҳои дайдуро сахттар кардаанд.

"Кӯдакон дар ивази 5 манат дар дастгир кардани сагҳову гурбаҳо ширкат мекунанд", - гуфт як сокини Ишқобод.

XS
SM
MD
LG