Ширкатдорони корпартоӣ шоми 8 феврал пароканда шудаанд.
"Масоили аз сӯи коргарон матраҳшударо наметавон, дар як рӯз ҳал кард. Дар оянда дар якҷоягӣ бо вазорати энержии Қазоқистон, ҳокими вилояти Мангистау ин масъаларо ҳал хоҳем кард. Дар ҳоли ҳозир масъала афзудани моҳона баррасӣ мешавад", - гуфт мудири "Қазатомпром" Талгат Есентугелов.
Аммо бархе аз коргарон мегӯянд, онҳоро бо роҳи фиреб ба кор баргардонидаанд.
Рӯзи 7 феврал наздики ҳазор коргари ширкат ба эътироз баромаданд. Онҳо афзоиши 70 дарсадии маош ва беҳсозии шароити кориро талаб доштанд.
"Қазатомпром" сокинони вилоят ва ширкатҳои Мангистауро бо барқу об таъмин мекунад. Дар ин ширкат то 3,6 кас кор мекунад.