Ссылки доступа

SpaceX якбора 40 моҳвораи "Старлинк"ро аз даст медиҳад


Ширкати "SpaceX" аз 49 моҳвораи иртиботи интернетии "Starlink", ки тавассути мушаки борбари "Falcon 9" 3 феврал ба мадор интиқол ёфта буданд, якбора 40 тоашро аз даст медиҳад.

Сомонаи расмии ширкат сабаби аз даст додани моҳвораҳоро туфони геомагнитӣ номидааст, ки як рӯз пас аз интиқол ёфтан ба миён омад.

Дар иттилоияи "SpaceX" омадааст, ки моҳвораҳои ин ширкат дар мадори паст ҷойгир шудаанд ва ҳавои он дар вақти тӯфон зичтар мешавад.

Тибқи пешбиниҳои "SpaceX", моҳвораҳои он то расидан ба замин месӯзанд ва ба одамон, ҳайвонҳо ва дастгоҳҳои дигари кайҳонӣ хатаре надоранд.

Дар ҳоли ҳозир дар мадор ҳудуди 1800 моҳвораи Starlink, ки дастрасӣ ба Интернети босуръатро тақрибан дар даҳҳо кишвар таъмин мекунанд, фаъолият доранд. Ин ширкат аз мақомоти Амрико барои фаъолияти 12 ҳазор моҳвора иҷозат гирифтааст.

Ба гуфтаи Илон Маск, ширкати SpaceX барои иҷрои нақшаи дастрасӣ ба Интернет аз тамоми кураи замин ба наздики 30 ҳазор моҳвора ниёз дорад. SpaceX то ҳол нотаи Чинро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG