Намояндаи ширкати "Ҳудудгазтаминот", ки масъули тақсимоти гази табиӣ дар Узбекистон аст, ба расонаҳои мустақил гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, интиқоли газ ба вилоятҳои мазкур кай аз сар гирифта мешавад.
Ба гуфтаи намояндаи ширкат, интиқоли газ барои он қатъ мешавад, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои баланд кардани фишори он идома доранд.
Вазорати энержеии Узбекистон 25 январ, ду рӯз баъд аз қатъ шудани нерӯи барқ дар он кишвар хабар дода буд, ки дар бештари ноҳияҳо нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дубора ба кор даромаданд.