Ссылки доступа

Дар Туркманистон аз сокинон талаб доранд, танҳо ниқоби сафед пӯшанд


Мақомоти шаҳри Ишқобод, вилоятҳои Лебап ва Балкани Туркманистон сокинонро маҷбур мекунанд, ки танҳо ниқоби сафед пӯшанд.

Дар ин бора расонаи "Turkmen.news" бо истинод ба манбаъҳои худ дар вилоятҳои мазкур хабар додааст.

Мақомоти шаҳри Туркманобод, маркази маъмурии вилояти Лебап мансабдорон ва хонандагони мактабҳои миёнаро вазифадор кардаанд, ки ниқоби сафед пӯшанд. Аз 6 то 18 феврал дар шаҳр санҷиш гузаронида шуда, омӯзгорон ва мудирон ҳушдор гирифтаанд, ки барои ниқоби ранга танбеҳ хоҳанд гирифт.

Дар мактабу боғчаҳои шаҳри Туркманбошии вилояти Балкан низ қоидаи ҳамсон ҷорӣ шудааст. Кормандони мактабҳо вазифадор шудаанд, ки ниқобпӯшии хонандагонро сахт назорат кунанд.

Нозирони роҳ дар Ишқобод ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2021 боз доштани ронандагонеро оғоз карда буданд, ки ниқоби ранга мепӯшиданд. Онҳо аз ронандагон талаб мекунанд, ки танҳо ниқоби сафед пӯшанд. Дертар ин талаб аз пиёдагардон ва донишомӯзони мактаб ва донишгоҳҳои шаҳр низ карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, шахсоне, ки ниқоби "нодуруст" мепӯшанд, 50 манат ($14,3) ҷарима хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG