Ссылки доступа

Русияву Белорус дар наздикии марзи Украина размоиш баргузор мекунанд


Российская военная техника на учениях "Союзная решимость - 2022"
Российская военная техника на учениях "Союзная решимость - 2022"

Имрӯз, 10 феврал, дар Белорус размоишҳои муштарак таҳти унвони "Қатъияти муттаҳидӣ - 2022" бо Русия шуруъ шуд.

Дар размоишҳои даҳрӯза неруҳои ду кишвар муқобила бо хушунати эҳтимолии Ғарбу Украина зидди Белорусу Русия ва ҳамчунин мубориза бо ҳамлаҳои террористиро машқ мекунанд, хабар доданд аз вазорати мудофиаи Русия.

Баргузории размоишҳо аз сӯи президентҳои Русияву Белорус ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 тасдиқ шуда буд.

Теъдоди низомиҳо ва техникаи низомӣ, ки дар размоишҳо иштирок мекунанд, дақиқ нест. Танҳо ин нукта маълум аст, ки Русия ба Белорус маҷмаи зиддимушакии С-400 ва дигар техника ирсол кардааст.

Ирсоли низомиҳо ва техникаи Русия ба Белорус нигаронии кишварҳои Ғарб ва Украинаро ба бор овард.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки Русия 70 дар сади бахши аслии неруи низомии худро ба марзи Украина бурдааст.

Дар ин бора оҷонсии “Рейтерз” ва нашрияи “Вашингтон пост” бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар додаанд.

Ба қавли мусоҳибони расонаҳо дар Хадамоти истихборотии Амрико, шумораи баталионҳои тактикии Русия дар марз бо Украина ба 83 расидааст, дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта ин шумора ба 60 баробар буд. Ҳамзамон 14 гурӯҳи дигар дар роҳ қарор доштаанд. Маълум нест, ки дар ин қатор шумораи низомиёни рус дар Белорус ҳисоб шудаанд ё на.

Дар як баталиони тактикӣ 750 низомӣ қарор дорад. Дар умум, дар марз бо Украина ва Қрими ғасбшуда 100-103 ҳазор нерӯи низомии Русия ҳузур дорад.

Нашрияҳо аз қавли мусоҳибони худ ба ҳисоби тахминӣ навиштаанд, ки агар ҳамла сурат бигирад, аз тарафи Русия эҳтимол аз 3-то 10 ҳазор ва аз тарафи Украина аз 5 то 25 ҳазор низомӣ мефавтанд. Эҳтимоли марги сокинони осоишта аз 25 то 50 ҳазор ҳисоб шудааст ва ҳамчунин гуфта шудааст, ки шояд беш аз 5 миллион нафар ба Аврупо паноҳанда шаванд.

Онҳо тахмин задаанд, ки шояд Русия Киевро дар ду рӯз ғасб кунад.

Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки қасди ҳамла ба Украинаро надоранд ва навиштаҳои матбуотро дурӯғу иғво хондаанд.

Муносибати Украина ва Русия солҳо боз сард аст. Русия соли 2014 Қримро тасарруф кард ва онро молӣ худ эълон намуд. Дар шарқи Украина миёни ҷудоиталабон ва мақомоти украинӣ ҷанг ҷараён дорад, ки дар он ба дасти Русия ишора мекунанд.

XS
SM
MD
LG