Ссылки доступа

Вакили мудофеъ бо Ермек Наримбой - фаъоли сиёсии қазоқистонӣ дар боздоштгоҳ мулоқот кард


Жанар Болғабоев, вакили мудофеъ бо фаъоли сиёсии қазоқистонӣ Ермек Наримбой рӯзи 9 фервал дар боздоштгоҳ мулоқот кард.

Наримбой рӯзи 6 феврал аз Украина баргашт ва дар фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон боздошт шуд.

"Бино ба қарори додгоҳ, вай бояд 2 солу 6 моҳ муҳлати зиндонро адо кунад. Мо талош мекунем, ки ин қарор бекор шавад", - гуфт вакили мудофеъ.

Ермек Наримбой, блогер ва фаъоли сиёсӣ соли 2016 Қазоқистонро тарк карда буд.

Охири моҳи январ Наримбой дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки ба ватан бармегардад, чун ба "гуфтугӯи ҳукумат ва ҷомеа бовар дорад".

Дар пахши мустақим аз Киев, қабл аз парвоз, ӯ гуфт, ки эҳтимол боздошт шавад. Ин блогери 51-сола гуфт, ки боздошти ӯ ба ҳукумати Қазоқистон обрӯ намеорад.

Ӯро соли 2015 барои барангехтани адовати миллӣ ба се соли зиндон маҳкум карда буданд. Соли 2016 ӯро бо шарти берун нашудан аз макони зист раҳо карданд, вале ӯ кишварро тарк кард. Ҳоло ӯро барои риоя накардани ин банди қонун боздошт кардаанд.

Моҳи январ дар Қазоқистон эътирози хунин пайваст. Пас аз ин эътироз Назарбоев, ки амалан ҳукуматро идора мекард, аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шуд. Наримбой гуфта буд, ки эҳтимол вазъ дигар шудааст ва ба ватан бармегардад.

XS
SM
MD
LG