Ссылки доступа

Дар Қирғизистон озодии фаъоли маданӣ Мирлан Ураимовро талаб доранд


Рӯзи 10 феврал пушти дари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ҷонибдорони Мирлан Ураимов, узви ҳизби "Бутун Қирғизистон" ҷамъ шуданд, ки пештар аз ин боздошт шуда буд.

Эътирозгарон айбҳои нисбати Ураимов эъломшударо беасос дониста, озодии ӯро талаб карданд.

Мақомоти Қирғизистон Ураимовро рӯзи 8 феврал боздошт карданд. КДАМ ӯро дар "Даъвати оммавӣ ба ғасби худсаронаи қудрат" айбдор мекунанд.

Ҳамҳизбони Мирлан Ураимов гуфтанд, ки дар рӯзи боздошти ӯ дар манзилаш кофтукоб низ сурат гирифтааст. Ҳамҳизбон бовар доранд, ки Ураимов барои дидгоҳҳои мухолифаш боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG